Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки дар ҷараёни амалиёти густардаи НАТО ва артиши ин кишвар дар шаҳри Марҷаи вилояти Ҳилманд дастикам 20 нафар аз шӯришиёни Толибон кушта шудааст.
Генерал Шер Муҳаммад Зазоӣ, фармондеҳи нерӯҳои афғонистонӣ дар минтақа, гуфт, ҳамчунин 11 шӯришии ҳаракати Толибон бо аслиҳа боздошт шудаанд.
Амалиёти нерӯҳои НАТО ва артиши Афғонистон дар вилояти Ҳилманд бузургтарин амалиёт алайҳи Толибон унвон мешавад ...
Амалиёти нерӯҳои НАТО ва артиши Афғонистон дар вилояти Ҳилманд бузургтарин амалиёт алайҳи Толибон тайи 9 соли ахир унвон мешавад ва дар он беш аз 15 ҳазор низомии амрикоӣ, бритониёӣ ва сарбозони афғонистонӣ ширкат доранд.
Амалиёти муштарак дар Ҳилманд таҳти раҳбарии нерӯҳои дарёии Амрико сурат мегирад ва дар он барои аввалин бор артиши Афғонистон нақши умда мебозад. Ҳадафи амалиёт берун рондани Толибон аз Ҳилманд ва таҳти контроли ҳукумати Афғонистон қарор додани ин минтақа аст.
Коршиносон ин амалиёт ва натоиҷи онро аз диди сиёсӣ низ хеле муҳим арзёбӣ мекунанд. Зеро он бузургтарин амалиёти низомӣ пас аз суқути Толибон дар Афғонистон ва ҳамчунин дар замони президентии Барак Обама аст.