Абрҳо монеъи парвози киштии кайҳонии Амрико шуданд

NASA, Ожонси кайҳоншиносии Амрико имрӯз ба далели абролуд будани ҳаво дар маркази кайҳонии Кеннедӣ дар аёлати Флорида парвози киштии кайҳонии “Endeavour”-ро ба таъхир гузошт. Абрҳо ҳамагӣ ду соат қабл аз оғози парвози ин киштӣ ҳавои атрофро пӯшониданд, ки метавонист амнияти парвозро дучори хатар кунад. “Endeavour” бо 6 фазонавард мебоист субҳи имрӯз барои 13 рӯз ба парвоз медаромад ва ду модули навро дар Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ насб мекард. Парвози ин киштӣ шояд акнун субҳи душанбе сурат бигирад.