Карзай имрӯз вориди Арабистони Саудӣ мешавад

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, имрӯз бо як сафари расмӣ вориди Арабистони Саудӣ мешавад. Ба иттилоъи дафтари раёсатҷумҳурӣ, қарор аст Карзай рӯзи чаҳоршанбе бо шоҳ Абдулло, подшоҳи Арабистони саудӣ, мулоқот кунад. Сарвари Афғонистон мехоҳад подшоҳи Арабистони Саудиро ба пуштибонӣ аз пешниҳоди Кобул оиди мусолиҳа бо аъзои аз хушунат дастбардоштаи ҷунбиши “Толибон” мутмаин созад. Ҳомид Карзай чанд сол боз аз мақомоти ин кишвари арабӣ даъват мекунад, ки бо истифода аз нуфузи хеш толибонро барои ба замин гузоштани силоҳ мойил созанд.
Аҳмад Зиё Сиёмак, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон, изҳор намуд, ки дар музокироти Карзай ва подшоҳи Арабистони саудӣ дигар масоил, аз ҷумла, кумаки ин кишвари арабӣ дар эҳёи Афғонистон ва таҳкими равобити дуҷониба ҳам баҳсу баррасӣ хоҳад шуд.
Охирҳои солҳои 90-уми қарни гузашта Арабистони Саудӣ яке аз се кишваре буд, ки ҳукумати “Толибон”-ро дар Афғонистон ба расмият шинохта буд.