Дар ҷараёни сафараш ба Ҳаитии зилзилазада раиси ҷумҳурии Эквадор Рафаэл Корреа аз кӯмакҳои ғарб бо истилоҳи “империализм” интиқод кард. Бидуни бурдани исми кишвар ё созмоне Корреа иддао кард, ки бахши аъзами кӯмакҳо дубора ба дасти донорҳо меравад. Вокуниши Корреа ба ҷараёни ироаи кӯмакҳои Ҳаитӣ чун идомаи танқидҳои дигар раҳбарони чапгаро - президентҳои Венесуэла ва Боливия Ҳуго Чавез ва Эво Моралес қабул шуд. Корреа ба унвони намояндаи Иттиҳоди давлатҳои Африқои Ҷанубӣ, ки ӯ феълан раҳбариашро ба ӯҳда дорад, аз Ҳаитӣ дидан кард.