Сенати ИМА ба Бен Бернанке изҳори эътимод кард

Сенати ИМА Бен Бернанкеро дар мақоми раиси Бонки Марказӣ пазируфт. Ин дуввумин давраи чаҳорсолаи раёсати Бернанке дар ин мақом хоҳад буд. Номзадии ӯро раисиҷумҳури Амрико Барак Обама пешбарӣ кардааст. Аз номзадии Бен Бернанке 70 узви Сенат пуштибонӣ карданд, 30 нафар муқобили ӯ раъй доданд.
Бернанке аз чеҳраҳои калидӣ дар таҳияи барномаи зиддибӯҳронии ду соли ахир маҳсуб мешавад. Ҷонибдорони ӯ мегӯянд, ки маҳз гомҳои Раиси Бонки Марказӣ, аз ҷумла, пуштибонии молии бузургтарин бонкҳои Амрико аз сӯи ҳукумат, системи молияи ИМА-ро аз шикаст наҷот дод. Ва аммо мухолифини Бернанке ӯро дар он айбдор мекунанд, ки бахши молияи кишвар ба зарбаи бӯҳрони иқтисодӣ ба таври кофӣ омода набуд.