Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли гузашта 3,4 дарсад афзуда, 20 миллиарду 622 миллион сомонӣ, муодили қариб 4 миллиарду 700 миллион долларро ташкил додааст. Аммо тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2009, бино ба омори расмӣ, чизе бештар аз севуним миллиард долларро ташкил дод, ки назар ба як соли пеш 23 дарсад камтар аст. Фарқи байни содирот ва воридот дар соли гузашта шадидан манфӣ буда, беш аз якуним миллиард доллар шудааст.
Як далели коҳиши тиҷорати хориҷӣ пойин рафтани нархи алюминий будааст, ки тавлиди он дар корхонаи ТАЛКО дар соли гузашта 44 000 тонна коҳиш ёфтааст.
Як далели коҳиши тиҷорати хориҷӣ пойин рафтани нархи алюминий будааст, ки тавлиди он дар корхонаи ТАЛКО дар соли гузашта 44 000 тонна коҳиш ёфтааст.