Ҳалокати боз як сарбози НАТО дар Афғонистон

Паймони низомии НАТО мегӯяд, рӯзи шанбе бар асари таркиши маводи худсохти мунфаҷира дар ҷануби Афғонистон як сарбозаш кушта шуд. Тайи 9 рӯзи гузашта аз оғози соли нав дар ин кишвари ҷангзада алакай 9 сарбози хориҷӣ кушта шуданд.
Соли гузошта шумори қурбониён дар миёни нирӯҳои эътилофӣ беш аз 500 нафар шуд, ки аксари онҳо маҳз дар натиҷаи таркидани маводи мунфаҷираи худсохт ҷони худро бохтанд.