Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, 14 марди машкук ба шӯришӣдар шимоли ин кишвар, ҳангоме ки талош доштаанд мошинеро бо бам пур кунанд, кушта шудаанд. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли Абдулразок Яъқубӣ-фармондеҳи пулиси шаҳри Қундуз навиштааст, 14 нафар Толибон вақте, ки мошинро барои анҷоми амали террористӣ бамгузорӣ мекарданд, 4-ӯми январ кушта шуданд. Вай гуфт, ин кор дар наздикии шаҳри Қундуз рух додааст, минтақае, ки вақтҳои ахир фаъолияти Толибон бештар шудааст.