Имрӯз саҳмияҳои Роғун дар ба фурӯш мебарояд

Имрӯз, 6-ӯми январ дар саросари Тоҷикистон саҳмяиҳри сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун ба фурӯш гузошта мешавад. Ин саҳмияҳо ба арзиши 100, 500, 1000 ва 5000 то ба ин соатҳо ба тамоми нуқтаҳои амонатбонки Тоҷикистон дар шаҳрҳову вилоятҳои Тоҷикистон интиқол дода шудаанд ва аз ин соатҳо фурӯши он оғоз мешавад. Дирӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми худ ба мардуми кишвар, ки тавассути телевизион пахш шуд, таъкид кард, ки бо вуҷуди душвориҳои иқтисодии марҳалаи кунунӣ Тоҷикистон ҳамаи имконотро ба кор хоҳад баст, то сохтмони ин иншооти барои кишвараш муҳим такмил ёбад ва заминаи раҳоӣ аз бӯҳрони энержӣ фароҳам шавад.