Раҳоии 15 кӯдаки қирғиз аз ғуломӣ дар Русия

Пулиси Русия 15 кӯдаки қирғизро аз кори иҷборӣ дар як корхонаи зеризаминӣ дар вилояти Маскав раҳо кардаанд.
Пулис як фабрикаи ғайриқонуниро дар ҳудуди шаҳри Ногинск, 50-километрии Маскав кашф кардааст, ки дар он муҳоҷирон аз Ветнам ва Қирғизистон кор мекарданд.
Намояндаи пулис гуфт, ки дар ин корхона шуморе аз ноболиғонро низ ба кори иҷборӣ ҷалб карда буданд.
Алайҳи соҳибони ин корхона бо иттиҳоми истифодаи иҷъборӣ аз нирӯи кори кӯдакон ва фаъолияти ғайриқонунии фабрика парванда боз шудааст.