Раҳбари нави Амнестӣ Интернешенал муаррефӣ шуд

Салил Шеттӣ Дабири нави созмони ҳуқуқи башар бо номи Амнестӣ Интернешенал муаррефӣ шуд. Шеттӣ ҳиндутабор аст ва дар шаш соли гузашта раиси гурӯҳи "Милениум"-и СММ буд. "Милениум" дар ин муддат бо фақр дар саросари ҷаҳон мубориза мекард. Амнестӣ Интернешенал, ки маркази он дар Лондон ҷойгир аст, дар 150 кишвар бештар аз 2 миллион узв ва муштарӣ дорад.