Дар ҳамлае бинӣ ва ду дандони Берлусконӣ шикастааст

Баъд аз ҳамлае ба Силвио Берлусконӣ-нахуствазири Италия ҳоло вай дар шифохонае дар Милан муолиҷа мегирад. Тибқи хабарҳо як марди 42-сола, ки бемории равонӣ доштааст, рӯзи якшанбе дар ҷараёни тазоҳуроте ҳайкалчаеро ба сӯи Берлусконӣ партоб кардааст. Пизишкон мегӯянд, биниву ду дандони Берлускоӣ шикастааст ва лабонаш кафидаанд. Пулис марди ҳамлакардаро боздошт кардааст.