Як вакили мардумии Укроин мегӯяд, кишвараш бо Ироқ дар мавриди фурӯши силоҳ ба ин кишвар дар ҳаҷми 2,5 миллиард доллар ба созиш расидааст. Анатолий Гритсенко – раиси кумитаи амният ва дифоъи порлумони Укроин ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, бар асоси қарордод, кишвараш ба Ироқ 420 мошини зиреҳпӯш ва 6 ҳавопаймои боркаши АН 32Б хоҳад фурӯхт. Ин қарордодро як талоши муҳиме дар амри тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ хондаанд, ки барои ихроҷи нерӯҳои Амрико аз кишварашон омодагӣ мегиранд. Барак Обама – раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, кишвараш то охири соли 2011 нерӯҳояшро аз Ироқ хориҷ хоҳад кард.