Ҳалокати 127 нафар дар таркишҳои Бағдод

Тибқи хабарҳои ахир, дар натиҷаи инфиҷорҳои ба эҳтимоли зиёд ҳамоҳангшуда дар Бағдод шумораи кушташудагон ба 127 нафар ва шумораи афроди маҷруҳ ҳудудан ба 200 нафар расидааст.
Дар яке аз ҳамлаҳо дастандаркорон бо мошини бамгузоришуда маркази бинзиндиҳиро дар маҳали Дораи Бағдод ҳадаф қарор додаанд. 4 мошини дигари бамгузоришуда дар маркази шаҳри Бағдод яке пас аз дигарӣ дар фосилаи ҳар як дақиқа ба инфиҷор даромадаанд. Дар ин инфиҷорҳо биноҳои давлатӣ, аз ҷумла ду вазорат, ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ин навори видео бархе аз саҳнаҳои таркиш ва пайомадҳои онро нишон медиҳад:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Baghdad Blast -- December 8, 2009



Дар 18 моҳи ахир хушунатҳо дар Ироқ дар маҷмуъ камтар шуда буд, вале мақомоти расмии Ироқ ва низомиёни амрикоии мустақар дар ин кишвар аз эҳтимоли афзоиши чунин ҳамлаҳо дар остонаи интихоботи сартосарии моҳи феврали Ироқ ҳушдор додаанд.