Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба ҷамъбасти мавсими имсолаи футбол дар Тоҷикистон бахшида шудааст.
Ин ҳафта мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бо охирин бозӣ байни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Энергетик»-и Душанбе, ки бо пирӯзии дастаи меҳмон - «Энергетик» - бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт, ба анҷом расид.
Вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 46 имтиёз соҳиби медалҳои тилло ва унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2009 гардид. Ҳамчунин ҳамлагари «Вахш» Нӯъмон Ҳакимов бо 15 гол дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа мақоми аввалро касб кард.
Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 41 имтиёз дар ҷои дуввум қарор гирифт ва бо медалҳои нуқра сарфароз хоҳад шуд. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки бо 40 имтиёз ҷои севумро азони худ кард, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад. Дар байни панҷ дастаи беҳтарини лигаи олӣ, инчунин, ду тими шаҳри Душанбе - «Истиқлол» ва «Энергетик» - ҷойгир шуданд.
Ин ҳафта, ҳамчунин, ду бозии охирини мусобиқаи қаҳрамонии лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.
Дастаи «Саройкамар»-и Панҷ дар майдони худ бар тими «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард. Тими «Хайр»-и Ваҳдат бар дастаи мизбон - РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси низомномаи мусобиқа се дастаи пешсаф – «Саройкамар»-Панҷ, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Ҷавонон»-и Турсунзода барои ширкат дар мусобиқаи соли 2010 байни тимҳои лигаи олӣ роҳхат гирифтанд.
Меҳмонони барнома - Исроил Шарипов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, Уроз Турақулов, сармураббии дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2009, Алиёр Ашӯрмамадов, сармураббии дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе, Рустам Хоҷаев, бозигари дастаи «Вахш», Ҳамид Қамбарии эронӣ, легионери дастаи «Гвардия»-и Душанбе, ба суолҳои хабарнигори мо посух медиҳанд.
Инчунин дар ин барнома хабарҳои тозаи варзишӣ ба шунавандагон пешкаш мешаванд.
Мухлисони варзиш! Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.