Нахуствазирони кишварҳои муштаракулманофеъ имрӯз дар шаҳри Ялта дар соҳили Баҳри Сиёҳ гирди ҳам меоянд. Масоили тиҷорат ва иқдомоти муштарак барои муқобила бо бӯҳрони иқтисодӣ аз мавзӯъҳои муҳими сӯҳбат дар ин нишаст хоҳад буд. Оқил Оқилов – нахуствазири Тоҷикистон дар ҳамоиши мазкур ширкат хоҳад кард. Дар иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд 11 кишвари шӯравии собиқ шомиланд.