Сӯхтор дар анборҳои низомии воқеъ дар вилояти Уляновски Русия дасти кам ду кушта бар ҷой гузоштааст. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Русия, имрӯз дар ҷойи сӯхтор ҷасади ду низомие ошкор гардид, ки қаблан беному нишон ғайбзада арзёбӣ мешуданд.
Сӯхтор дар анборҳои низомии воқеъ дар минтақаи Заволжски устони Уляновск нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа шурӯъ шуд ва онро субҳи рӯзи шанбе хомӯш карданд. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин ҳодиса даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд. Беш аз ҳазор нафар аз минтақаи офати табиӣ ба ҷойи амнтар интиқол дода шуданд. Вазорати дифоъи Русия ҳадс мезанад, ки сӯхтор ҳангоми безарарсозии тирҳо ба вуқӯъ пайвастааст.