Беморони зуком дар Қирғизистон ба 27 нафар расид

Бино ба гузориши бахши қирғизии радиои Озодӣ, шумораи афроди гирифтор ба бемории зукоми хук дар Қирғизистон ба 27 нафар расидааст. Толон Исҳоқов-як мақоми вазорати беҳдошти Қирғизистон дар Бишкек ба рӯзноманигорон гуфтааст, ҳамаи беморон муҳоҷирони кории қирғиз мебошанд, ки ахиран аз Русия ва кишварҳои дигар ба Ватан баргаштаанд. Аз онҳо танҳо 8 нафарашон бистарӣ шудаанд. Дигарон то ҳол дар хонаҳояшон будаанд. Дар Қирғизистон аз ин беморӣ касе ҷон надодааст.