Боз як нафари дигар дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шуд. Идораи умури дохилаи вилоят мегӯяд, Музаффар Ахмедови 38-сола ба он муттаҳам мешавад, ки Абдуҷамил Ахмедовро дар манзилаш пинҳон кардааст. Абдуҷамил Ахмедов, сокини 27-солаи ҷамоати Навгилем ба узвият дар ҲИУ муттаҳам мешавад. Қаблан бо иттиҳоми паноҳ додан ба ӯ модару хоҳарзодаи ноболиғаш ва як зани дигари сокини Исфара боздошт шуданд.