Тарафдорони Худойбердиев ба Ал-Қоида мепайванданд?

Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон генерал Абдуллоҳ Назаров гуфт, теъдоде аз тарафдорони сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ба суфуфи Ал-Қоида ва Ҳаракати исломии Узбакистон пайвастаанд. Аммо оқои Назаров, ки бо хабарнигорон дар ҳошияи анҷумани байналмилалие таҳти унвони “Олмон ва Осиёи Марказӣ -стротежии ҳамкории қавӣ дар амри таъмини амният” сӯҳбат мекард, афзуд, феълан аз сӯи Худойбердиев таҳдиди мустақиме ба амнияти Тоҷикистон барнамеояд. Ин анҷуман имрӯз дар Душанбе оғоз ба кор кард.