Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин ба хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, Фаластин бидуни қатъи сохтмон дар маҳаллоти яҳудинишини Фаластин музокироти сулҳ бо Исроилро аз сар нахоҳад гирифт. Ин нуктаро Соиб Эрекот-раҳбари ҳайати музокироти Фаластин баъд аз мулоқоти имрӯзи Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин ва Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико дар Абу Дабӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт. Мулоқоти ҷонибҳо пеш аз боздиди хонум Клинтон аз Исроил анҷом гирифт. Ин боздид барои рӯзи якшанбе барномарезӣ шудааст.