Дастур барои нашри саҳмияҳои Роғун

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мақомот дастур додааст, ба хотири ҷалби сармоя барои бунёди нерӯгоҳи Роғун то охири сол саҳмияҳои онро омода кунанд. Вай дар ин бора рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи ҳукумат Тоҷикистон сухан гуфтааст. Ду рӯз пеш аз ин, зимни боздид аз маҳалли бунёди Роғун Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки то севвуним соли дигар басти аввали нерӯгоҳи мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва Тоҷикистон аз мушкилоти бебарқӣ халос мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон, ки барои сохти нерӯгоҳи мазкур сармояи кофӣ надорад, хостааст, то пули аҳолии кишвар барои бунёди ин нерӯгоҳ ҷалб шавад. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки азимтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, дар сурати бунёд ниёзҳои дохилии кишварро бароварда сохта ва имкон медиҳад, нерӯи барқи зиёдатӣ ба хориҷ фурӯхта шавад. Ӯзбакистон яке аз кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ мегӯяд, бунёди сарбанди боиси камобӣ дар қаламрави он кишвар мешавад.