Ҳушдори Amnesty International ба ИА

Созмони Amnesty International ИА-ро ҳушдор дод, ки лағви таҳрими фурӯши аслиҳа ба Узбакистон, ки 4 сол қабл дар пайи саркӯб кардани эътирози мардум дар Андиҷон ҷорӣ шуда буд, пеш аз вақт аст. Дипломатҳои ИА дар ин ҳафта гуфтанд, ки ин созмон ба лағви таҳрими фурӯши таслиҳот ба Узбакистон омодагӣ мегирад. Афви байналмилалӣ гуфт, агар ин таҳримот бидуни анҷоми таҳқиқи ошӯби Андиҷон лағв шавад, ИА рӯи тақозоҳои худаш ришханд хоҳад зад ва танҳо шеваи фишори байналмилалӣ алайҳи Узбакистон аз байн хоҳад рафт.