Қарзи Тоҷикистон аз 1,5 миллиард доллар гузашт

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 1 миллиарду 524 миллион доллар баробар шуда, тақрибан сеяки маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии вазораташ гуфт, танҳо дар 9 моҳи гузаштаи соли равон барои пардохту қарзҳо ва фоизи қарзҳои давлатӣ беш аз 30 миллион доллар масраф шудааст.
Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи севвуми сол 51 миллион доллар бештар шудааст.