Качинский Созишномаи Лиссабонро имзо хоҳад кард

Маъмурияти раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский изҳор намуд, ки сарвари кишвар рӯзи шанбе Созишномаи Лиссабон оид ба ислоҳот дар Иттиҳодияи Аврупоро имзо хоҳад кард. Бо пахши ин хабар Варшава изҳороти қаблии бародари раисиҷумҳур Ярослав Качинскийро рад кард, ки гуфта буд, ин Созишнома рӯзҳои наздик имзо нахоҳад шуд.
Ба иттилоъи дафтари раисиҷумҳури Лаҳистон, дар маросими имзои Созишномаи Лиссабон раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо, раиси Парлумони Аврупо Ежи Бузек ва сарвазири Шветсия Фредрик Рейнфелдт ширкат хоҳанд кард. Шветсия айни ҳол раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад.
Ахиран сарвазири Лаҳистон Доналд Туск ҳам аз раисиҷумҳур Лех Качинский даъват кард, ки зери Созишномаи Лиссабон оид ба ислоҳот дар Иттиҳодияи Аврупо имзо гузорад. Аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо фақат Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех ин санадро тасвиб накардаанд.