Тоҷикистон дар зинаи аввали ҷадвали бозиҳои Осиё

Дастаи футболи ҷавонони то 16 солаи Тоҷикистон дар шаҳри Катмандуи Непал дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо дастаи наврасони Эрон бозиро бо натиҷаи 0:0 анҷом дод ва як холи дигар ба даст овард. Ин дуввумин бозии дастаи Тоҷикистон буд. Дар бозии аввал Тоҷикистон бар дастаи Баҳрайн бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст овард. Бад-ин тариқ ҳоло Тоҷикистон бо 4 хол дар сафи пеши ҷадвали гурӯҳи худ қарор дорад. Имрӯз бозии дигари ин гурӯҳ байни Баҳрайну Лубнон бо ҳисоби 2:1 ба нафъи Баҳрайн поён ёфт. Бозии севвум ва ниҳоии Тоҷикистон дар ин гурӯҳ, яъне гурӯҳи "Б" 13-ӯми октябр баргузор мешавад.