Шоми имрӯз дар яке аз хиёбонҳои марказии Маскав хешовандон ва дӯстони рӯзноманигор Ана Политковская дар солгарди куштори вай барои гиромидошти хотирааш раҳпаймоӣ анҷом медиҳанд. Хонум Политковская 7-ӯми октябри соли 2007 дар назди даромадгоҳи хонааш ҳадафи тир қарор гирифт. Политковская дар бораи вазъи ҳуқуқи башар ва ришвахорӣ дар Чеченистон бештар менавишт ва қотеъона аз Владимир Путин-раиси ҷумҳури вақт интиқод мекард. Додситонии Русия бар зидди 3 нафар парванда боз кардааст. Вале то ҳол рӯшан нашудааст, ки фармоишдиҳандаи ин куштор кист. Ҳадс мезананд, ки марди мусаллаҳе, ки ба Политковская тир холӣ кардааст, дар кишвари хориҷӣ паноҳ мебарад.