Имрӯз раиси ҷумҳурии Чеченистон мурофиаи додгоҳии зидди созмони мудофеи ҳуқуқи инсон “Мемориал”-ро ба фоидаи Рамазон Қодиров ҳал кард. Раҳбари шӯрои “Мемориал” Олег Орлов дар як изҳорот куштори фаъоли ин созмон дар Чеченистон Наталя Эстимироваро дар моҳи июл ба дӯши Қодиров вогузор карда буд. Додгоҳи ноҳияи Тверской ҳукм кард, ки Олег Орлов бояд аз иттиҳомоти худ дар ин замина даст кашад. Инчунин додгоҳ ҳукм кард, ки Орлов бояд 70 ҳазор рубл, муодили 2,300 доллари амрикоӣ ҷубронпулиро барои доғдор кардани номи Қодиров пардохт кунад. Худи раҳбари Чеченистон 330 ҳазор долларро барои паст задани шаъну эътибори ӯ аз ҷониби “Мемориал” талаб мекард.