Мулоқоти Бӯрнс ва Ҷалилӣ дар ҳошияи нишасти Женева

Як мақоми баландпояи амрикоӣ дар ҳошияи нишасти гурӯҳи шашгона ва Эрон дар Женева, ки барои баррасии барномаи ҳастаии ин кишвар ташкил шудааст, бо раҳбари гурӯҳи музокиротии Ҷумҳурии Исломӣ гуфтугӯе анҷом дод. Мақомот гуфтанд, ки муовини вазири хориҷаи Амрико Уилямс Бӯрнс бо Саид Ҷалилӣ мулоқоте орост, вале тафсилоти ин гуфтугӯҳо дар даст нест. Ингуна мулоқот миёни мақомоти амрикоиву эронӣ хеле кам иттифоқ меафтад, чунки кишварҳо дар муддати 30 соли охир аслан ҳеҷ равобити дипломатӣ барқарор накардаанд. Дар нишасти Женева аъзои шаш кишвари гурӯҳи музокиротии барномаи ҳастаии Эрон ва дипломатҳои Ҷумҳурии Исломӣ гирди ҳам омадаанд.