Сабабҳои ҷанги Осетияи Ҷанубӣ нашр мешавад

Интизор меравад, ки имрӯз гузориш дар бораи сабабҳои ҷанги тобистони соли 2008 миёни Русияву Гурҷистон мунташир шавад. Расидагӣ ба сабабҳои ин ҷанг аз тарафи Иттиҳоди Аврупо фармоиш дода шуда буд. Интизор меравад, ки як гурӯҳи мустақили бозрасон ба раҳбарии Ҳейдӣ Таглиавина-дипломати суисӣ гузориши худро дар бораи ин ҷанги панҷрӯза ба мақомоти аршади Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел супорад. Ин гузориш ҳамчунин тавассути матбуот дар дастрасии ҳама қарор хоҳад гирифт. Иттиҳодияи Аврупо дар оташбаси миёни Русияву Гурҷистон дар ҷанги моҳи августи соли 2008-и Осетияи Ҷанубӣ миёнҷигарӣ карда буд.