Ҷаҳон дар ҳафтаи гузашта дар аксҳо

Ҳирот, Афғонистон. 03 Апрел - 30 ҷавонзан дар Ҳирот барои омодагӣ ба кор дар пулис ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Боку, Озарбойҷон. 04 Апрел - Журналистони озар алайҳи адами озодии баён гуруснанишинӣ эълон кардаанд.

Минск, Белорус. 03 Апрел - Аз дарёи Приятс моҳие дошта шуд, ки 1 метру 80 сантиметр қад дорад ва 38 кило вазн.

Алмати, Қазоқистон. 02 Апрел - Нурсултон Назарбоев нахустин раисҷумҳур дар Осиёи Марказист, ки дар машъали олимпӣ дар даст дар пойтахти кишвари худ медавад.

Бухарест, Руминия. 03 Апрел - Дар нишасти навбатии НАТО ба Укроин даъват ба узвият дар ин созмон ба амал оварда нашуд.

Бухарест, Руминия. 03 Апрел - Гурҷистонро низ сарфи назар аз талошҳояш барои узвият дар НАТО чанд соле сабр мебояд.

Тирана, Албания. 03 Апрел - Аммо аз Албания даъват барои узвият дар НАТО шуд. Дар пойтахти ин кишвар шаҳри Тирана ҳам лаҳаҳоеро дидан мумкин аст, ки навиштаанд "Албания дар НАТО"