Ҷаҳон дар ҳафтае, ки гузашт (аксҳо)

ИМА, 12 феврал - Дар сабқати дохилиҳизбӣ барои мақоми номзадӣ ба президентии ИМА дар ҳоли ҳозир Обама ва Маккейн пешсафанд.

Красноярск, Русия. 15 феврал - Аммо барои Дмитрий Медведев ягон сабқату даводаву дигару дигар барои мақоми президентӣ лозим нест.

Маскав, Русия. 14 феврал - Медведев баргузидаи Владимир Путин аст, ки дар охирин нишасти матбуотияш ба ҳайси раисҷумҳур Ғарбро шадидан танқид кард.

Приштина, Косово, Сербия. 13 феврал - Яке аз нуктаҳои танқиди Путин талоши Ғарб барои истиқлоли Косово буд. Косово барои эълони истиқлол омодагӣ мебинад.

Белград, Сербия. 13 феврал - Аммо Сербия намехоҳад, боз як қисматашро аз даст диҳад

Ҷанҷево, Косово. 14 феврал - Дар Косово шумори ками сербҳо зиндагӣ мекунад, ба мисли ин ду мусафед дар деҳаи сербнишини Ҷанҷево.

Сидней, Австралия. 13 феврал - Дар Австралия ҳам теъдоди аборигенҳо - сокинони бумӣ кам аст, аммо сарвазири аврупоиасли он кишвар аз бумиён барои ноадолатиҳои ду сада пӯзиш хост.

Байрут, Лубнон. 13 феврал - Имод Муғия, яке аз фармондеҳони аршади Ҳизбуллоҳ дар пайи як амалиёти вижаи нерӯҳои Исроил кушта шуд.

Байрут, Лубнон. 14 феврал - Дар ҷанозаи ӯ Манучеҳр Муттакӣ, вазири умури берунаи Эрон низ иштирок дошт.

Солигорск, Белорус. 14 феврал - Ҷавонони Белорус дар "Рӯзи ошиқон" ба кучаҳо баромаданд ва гуфтанд, ки ошиқи демократия ва озодӣ ҳастанд.

Истанбул, Туркиё. 14 феврал - Рӯзи ошиқонро дар Истанбули мусалмоннишин низ таҷлил карданд..

Бағдод, Ироқ. 13 феврал - Аммо барои ин тифли 12-солаи ироқӣ ҳанӯз вақти ошиқ шудан нарасидааст.