Беназир Бҳутто: Бозгаште ки бо марг анҷомид

Суиқасди саввум дар ду моҳи ахир риштаи умри хонум Бҳутторо дар синни 54-солагӣ гусаст.

Инфиҷори 27 декабр дар Равалпиндӣ ҳадди ақал бист ҷонибдори Беназир Бҳутторо ҳалок намуд.

Субҳи 27 декабрро хонум Бҳутто бо дидоре бо Ҳомид Карзай дар як меҳмонхонаи Исломобод шурӯъ карда буд.

Ҳине, ки ӯ рӯзи 27 декабр ба Равалпиндӣ омад, таҷрибаи солим бадар омадан аз ду суиқасдро дошт.

Суиқасди нахустин рӯзи бозгашти ӯ ба Покистон 18 октябр дар Карочӣ ба вуқӯъ пайваста буд.

Дар ин инфиҷор беш аз 120 нафар кушта шуда ҳудуди 400 нафари дигар захм бардоштанд.

Карочӣ нахустин шаҳри Покистон буд, ки хонум Бҳутто пас аз ғурбати 9-сола пойи худ ба он гузошт.

Ҳар ҷое, ки ӯ мерафт, барои таъмини амният шумори зиёди пулис сафарбар мешуд - мисли ин сафараш ба Лоҳур дар 12 ноябр.

Хонум Бҳутто, духтари сарвазири сарнагун ва кушташуда Зулфиқор Алӣ Бҳутто, аввалин бор соли 1988 сари қудрат омада буд.