Ҷаҳон дар соли 2007 дар аксҳо
Теҳрон, 18 январи 2007 - Сарфи назар аз ташаннуҷҳо ва баҳсҳо сари барномаи ҳастаии Эрон ва таҳдидҳои ҳамла ба ин кишвар, зиндагии сокинони Эрон аз манотиқи дигари ҷаҳон камтар тафовут дошт. Агар ки тафовуте ҳам дошт, он ҳам дар намоишгоҳҳои либосҳои мӯд.
Ишқобод, 14 феврали 2007 - Дар рӯзе, ки барои аксари ҷавонони ҷаҳон чун рӯзи ошиқон маҳсуб мегардад, Туркманистон расман соҳиби президенти нав шуд.
Грозний, 8 марти 2007 - Имсол барои президенти ҷавони чечен Рамзан Қодиров бобарор омад. Ҳам, курсии падарашро соҳиб шуд, ва ҳам дар ин рӯзи бонувон нахустин ҳавопаймои мусофирбарӣ аз Маскав ба Грозний фуруд омад.
Маскав, 24 апрели 2007 - Аммо соли 2007 барои нахустин президенти Русия - Борис Елсин охирин соли ҳаёт буд.
Кобул, 24 июли 2007 - Соли 2007 аз Афғонистон охирин шоҳ - Муҳаммад Зоҳирро рабуд.
Кобул, 01 апрели 2007 - На дар рӯзи ханда ва на дар давоми сол дар лабони мардуми афғон ҳатто табассум дида намешуд. Бар иловаи тиру тӯфанги нерӯҳои Эътилофу Толибон, ҷони мардуми афғонро офатҳои табиӣ низ мерабуд.
Наҷаф, 31 майи 2007 - Дар ҳар ҷанг бештар аз ҳама хурдсолон зарар мебинанд.
Бағдод, 27 марти 2007 - Ҷангҳо кӯдакон ва наврасонро бесарпаноҳ мегузорад, ятим мегардонад, ва маҷбур месозад, барои як пора нон гадоӣ, дуздӣ, танфурушӣ бикунанд....
Ҷакарта, 29 июли 2007 - Ироқиҳо имсол ҳодисае барои хурсандӣ низ доштанд. Тими футболи Ироқ дар сабқати қаҳрамонии Осиё дар Индонезия Ҷомро ба даст овард.
Сувон, 20 августи 2007 - Футболбозони тоҷик низ барои мухлисони худ имсол шодӣ оварданд. Махсусан, пас аз пирӯзӣ бар Амрико дар сабқати ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон миёни бозигарони зери ҳабдаҳсола.
Душанбе, 07 декабри 2007 - Ва аммо дар Ватани ин бозигарон хонаҳо аз газ метаркиданд.
Қарочӣ, 18 октябри 2007 - Таркишҳои Покистон ба маротиб даҳшатноктар буданд. Аз ҷумла, таркиши Қарочӣ, ки ҳудуди 200 кушта бар ҷой гузошт.
Исломобод, 27 июли 2007 - Вазъи Покистон имсол муташанниҷ буд. Лаъл Масҷид дар моҳи июл дар сархати хабарҳои расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дошт.
Ғазнӣ, 30 августи 2007 - Аз топ-сториҳои дигари расонаҳо гаравгонгирии кореягиҳо аз ҷониби Толибон буд.
Вилояти Анбар, 03 сентябри 2007 - Сафари Буш ба Ироқ бо назардошти амният аз расонаҳо махфӣ нигоҳ дошта мешуд.
Қабала, 08 июни 2007 - Путин давоми сол худро чун шахси пешгӯинашаванда муаррифӣ кард. Мисли ин пешниҳодаш ба Буш дар мавриди истифодаи муштарак аз пойгоҳи Қабала дар Озарбойҷон.
Маскав, 03 декабри 2007 - Ҳарчанд аз Путин хоҳиши даври саввум мекарданд, аммо ӯ пас аз се моҳ Медведевро ба курсии худ хоҳад шинонд.
Бухоро, 06 декари 2007 - Ва ҳарчанд аз Каримов талаб мекарданд, ки Сарқонунро риоя кунад ва номзадии худро нагзорад, аммо ӯ курсии худро ба касе додан нахост.