Яке аз мақомоти аршади интихоботии Афғонистон мегӯяд, баргаҳои рай дар 10 дарсади ҳавзаҳои интихоботии Афғонистон бояд бозшуморӣ шаванд, зеро имкони тақаллуб дар ин ҳавзаҳо дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии 20-ӯми август вуҷуд дорад. Грант Киппени канадаӣ аз Комиссияи расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ, ки аз ҳимояти СММ бархурдор аст мегӯяд, баргаҳои рай дар 2 500 воҳиди интихоботӣ ё ҳавзаи интихоботӣ бояд тафтиш ва бозшуморӣ шавад. Дар Афғонистон беш аз 25 000 воҳиди интихоботӣ дар рӯзи интихобот фаъол буд. Бо шумориши аксари баргаҳои рай ҳоло Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур бо 54 дарсади оро дар сафи пеш аст.