Сӯхтор дар пойгоҳи низомии Русия дар Тамбов

Сӯхтор дар як пойгоҳи низомии Русия мунҷар ба ҳалокати 5 сарбоз ва эҳтимолан нобуд шудани асноди муҳими амниятӣ шудааст. Хабаргузории РИА-Новости мегӯяд, сӯхтор дар пойгоҳе дар Тамбов, воқеъ дар тақрибан 500-километрии ҷануби Маскав, як бахши бузурги бинои марбут ба ГРУ, созмони кашфи низомии Русияро тахриб кардааст.
Муовини вазири дифоъи Русия Алексей Кузнетсов ба хотири таҳқиқи қазия ба маҳалли ҳодиса рафтааст.