ОПЕК нафти бештар намехоҳад

ОПЕК, Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт дар мавриди дар сатҳи феълй боқй гузоштани истихроҷи нафт тасмим гирифтааст. Дар ин бора вазири нафти Кувайт Шайх Аҳмад Абдулло ас-Сабоҳ хабар дод. Қабл аз шурӯъи нишасти Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт дар шаҳри Вена ас-Сабоҳ ба хабарнигорон гуфт, кишварҳои узв дар ин маврид мувофиқа ҳосил кардаанд. Охирҳои соли гузашта ОПЕК ба хотири ҷилавгирй аз поинрафти қиммати нафт истихроҷи «тиллои сиёҳ»-ро коҳиш дод. Дар 12 кишвари узви ОПЕК 40 дарсади нафти олам истихроҷ мешавад.