Ҳомид Карзай 54 дарсад рай гирифтааст

Хабаргузориҳои мухталиф аз Афғонистон иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи шумориши бахше аз баргаҳои интихоботӣ Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунии ин кишвар 54 дарсад рай ба даст овардааст. Натиҷаҳои ниҳоӣ ҳанӯз эълон нашудааст.