Қарор аст имрӯз мақомоти интихоботии Афғонистон натиҷаҳои қисмати дигари орои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро эълон кунанд. Як рӯзи пеш баъд аз эълони 10 дарсади натиҷаҳо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз Абдуллоҳ-вазири пешини умури хориҷа каме пешӣ гирифтааст. Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ки онҳо ҳар рӯз натиҷаҳои интихоботро қисм-қисм эълон мекунанд.