Мақомоти Русия мегӯянд, умеди зиёде надоранд, ки даҳҳо нафар аз афроди бенишоншуда бар асари садама дар нерӯгоҳи азимтарини ин кишварро зинда пайдо мекунанд. Рахнаи об ба истгоҳи турбинаи нерӯгоҳи Сайано-Шушенская рӯзи душанбе 12 нафарро кушт ва даҳҳо тани дигарро бенишон кард. Василий Зубакин – коргузори аз ширкати “Русгидро” соҳиби нерӯгоҳи мазкур гуфт, ҳарчанд ҷустуҷӯи афроди бенишоншуда идома дорад, вале эҳтимоли пайдо кардани касе бисёр кам аст. Сергей Шойгу – вазири ҳолатҳои фавқуллода дар Русия гуфт, хатари осеб дидани обанбори нерӯгоҳ вуҷуд надорад.