Дирӯз бар асари сӯхтор дар хаймаи занон дар як тӯи арӯсии Кувайт камаш 41 зану кӯдак ҳалок шуданд. Дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо Ҷосим ал-Мансурӣ раиси хадамоти сӯхторхомӯшкунии Кувайт гуфт, ки 61 каси дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Бо ишора вазъи ҷиддии баъзе маҷрӯҳон ӯ афзуд, ки шояд рақами қурбониҳо афзоиш ёбад. Дар тӯйҳои асили кувайтӣ мардон дар хаймаи алоҳида мешинанду занону кӯдакон дар хаймаи дигар.