Рафтори ғайриинтизори ҳукумати Бирма

Мақомоти Бирма ва ё Мянмар мегӯянд, ки як сенатори амрикоӣ ба ин кишвар сафар мекунад, то бо раҳбарони низомии Бирма дидору гуфтӯгу анҷом диҳад. Ҷим Вебб – сенатори демократ ва раҳбари Кумитаи умури Осиёи Шарқӣ ва Уқёнусия, се рӯз дар Бирма хоҳад буд, вале маълум нест, ки бо генерал Тан Шве раҳбари режими низомӣ мулоқот хоҳад дошт ё на. Интизор меравад, ки Ҷим Вебб ҳамчунин хостори раҳоии Ҷон Виллям Йеттав шаҳрванди Амрико шавад, ки муқаррароти ҳабси хонагии Сан Су Чӣ - раҳбари тарафдори демократия дар Бирмаро нақз кард. Ҷон Виллям ба ҳашт соли кори иҷбории сахт маҳкум шуд ва Сан Су Чӣ ба 18 моҳи иловагии ҳабси хонагӣ.