Пулиси Афғонистон мегӯяд, як гурӯҳи хурде аз ҷанҷгӯёни Толиб имрӯз ба қароргоҳи ҳукумати Пули Алам - маркази вилояти Лугар, ҳамла кардаанд. Мустафо Мусиннӣ - сардори идораи пулис гуфт, ҳангоми муқовимат ба онҳо як нафар аз афсарони пулис ҳалок шудааст. Тайи чанд моҳи ахир ҳамлаву харобкории ҷангҷӯёни Толиб ба шаҳрҳои Афғонистон авҷ гирифт.