Ниҳоди идории Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ барномаи тағйири сохтори фармондеҳии ин паймон дар Афғонистонро тасвиб кард, ки бар асоси он қароргоҳҳои зудамали идораи амалиётҳо таъсис дода мешавад. Ҷеймс Аппатурай – сухангӯи НАТО гуфт, сохтори фармондеҳии навро Дейвид Родригес – генерали амрикоӣ раҳбарӣ хоҳад кард. Нишасти имрӯза таҳти раҳбарии Андерс Фог Расмуссен – дабири кулли НАТО баргузор шуд. Сохтори нави фармондеҳӣ, масъулияти раҳбарии 64 ҳазор сарбози хориҷӣ дар Афғонистонро дорад, ки тақрибан нисфи онҳо сарбозони амрико ҳастанд.