Додситонии Украина бозпурсии Пукачро шурӯъ кард

Дар Додситонии Украина бозпурсии Алесей Пукач, гумонбари аслии куштори хабарнигор Георгий Гонгадзе дар соли 2000-ум шурӯъ шуд. Генерал-лейтенант Пукач, собиқ раҳбари яке аз раёсатҳои вазорати умури дохилаи Украинаро шоми рӯзи сешанбе дар вилояти Житомир боздошт карданд. Афсари воломақоми милиса соли 2003 ғайб зад ва баъд аз ду сол дар ғайбаш ӯро дар куштори Гонгадзе айбдор карданд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, Алексей Пукач таъқиби хабарнигорро ташкил кард ва ба гурӯҳи афсарони милисае раҳбарӣ менамуд, ки Гонгадзеро рабуданд. Гуфта мешавад, ки Гонгадзеро худи Пукач ба қатл расондааст. Соли гузашта се шарики генерал ба муҳлатҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон шуда буданд.