Ҳамла ба манзили фармондеҳи ОМОН дар Ингушистон

Пулис дар ҷумҳурии ошӯбзадаи Ингушистони Русия мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба манзили раҳбари ОМОН-и ин ҷумҳурӣ хоҳари ин афсар кушта ва худи Темур Экажев ва аъзои дигари хонаводааш захмӣ шудаанд. Пулис мегӯяд, дар ин ҳамла, ки шаби шанбе дар ҳошияи шаҳри Назран сурат гирифт, 4 нафари мусаллаҳ ширкат доштаанд.
Дар як моҳи пеш раҳбари ин ҷумҳурии ҳамҷавор бо Чеченистон Юнусбек Евкуров бар асари як сӯъиқасд ҷароҳатҳои вахим бардошт ва феълан дар Маскав табобат мегирад.