Дар натиҷаи алайҳи як мошин тир кушодани сарбозони Олмон дар шимоли Афғонистон 2 ғайринизомӣ кушта ва 2 тани дигар сахт маҷрӯҳ шудаанд. Нирӯҳои Олмон мегӯянд, мошини ҳомили 6 нафар бо суръати баланд ба сӯи посгоҳи нирӯҳои Олмон дар наздикии шаҳри Қундуз ҳаракат мекард ва истифода аз силоҳ тибқи муқаррарор сурат гирифтааст.
Олмон феълан дар шимоли Афғонистон, дар ҳайъати нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти он кишвар, ки таҳти фармони паймони НАТО амал мекунанд, 3800 сарбоз дорад.
Олмон феълан дар шимоли Афғонистон, дар ҳайъати нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти он кишвар, ки таҳти фармони паймони НАТО амал мекунанд, 3800 сарбоз дорад.