Як сухангӯи низомиёни амрикоӣ гуфт, ки дар шарқи Афғонистон ҳавопаймои ҷангии навъи F15E суқут карда боиси кушта шудани ҳарду сарнишини он шуд. Грег Ҷулиан гуфт, ки ин ҳодиса имрӯз рӯй дод ва эҳтимол аст, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҷангиён рух дода бошад. Нирӯҳои ҳавоии амрикоӣ гуфтанд, ки дар ҳангоми суқут ин ҳавопаймо як амалиёти нирӯҳои эътилофиро анҷом медод. Дар давоми солҳои тӯлонӣ ҳеҷ як аз ҳавопаймоҳои ҷангии амрикоиҳо дучори чунин як фалокате нашуда буд. Низомиён мегӯянд, ки ҷангиён тавассути мушакҳо тавони хароб кардани чархболҳоро доранд, аммо то ҳол иқтидори аз байн бурдани як ҳавопаймои баландпарвози низомиро надоштанд.