Таркиш дар роҳ ба Спин Болдак

Пулиси Афғонистон мегӯяд, имрӯз бар асари таркиши бомбе, ки ҷангиёни толиб гузошта будаанд, 11 нафари ғайринизомӣ, бо шумули 3 зан ва 5 кӯдак, кушта шуданд.
Инфиҷор ба мошине асобат кардааст, ки як гурӯҳи зоиринро ба мазоре дар минтақаи Спин Болдак мебурд. Ин мазор дар вилояти Қандаҳор, дар наздикии марз бо Покистон воқеъ будааст.