Намози ҷумъаи мухолифин дар Теҳрон

Мухолифини Эрон қасд доранд, имрӯз иттиҳоди худро дар намози ҷумъа дар Теҳрон ба намоиш гузоранд. Имоматии ин намозро, қарор аст, Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури собиқи Эрон ва аз рӯҳониёни маъруфи пуштибони мухолифин, бар ӯҳда бигирад. Мирҳусайни Мӯсавӣ, номзади ислоҳталаб, ки дар интихоботи 12 июн аз раисиҷумҳури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод шикаст хӯрд, низ интизор меравад дар ин намоз ширкат бигирад. Ин нахустин зуҳури ӯ дар мазҳари омм дар пайи Як суханронии кӯтоҳаш дар гирдиҳамоии эътирозие дар алайҳи натоиҷи эълоншудаи интихобот дар моҳи июн хоҳад буд.
Мӯсавӣ ва тарафдоронаш мегӯянд, интихоботи 12 июнро ӯ бурда буд. Қарор аст, дар намози ҷумъаи мухолифин Маҳдии Каррубӣ, номзади дигари шикастхӯрда дар интихоботи моҳи июн низ ширкат биварзад.